(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон гардидани «Соли 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷонибдорӣ намуда, дар доираи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар шаҳри Хуҷанд, озмуни шаҳрии «Армуғони беҳтарин барои сайёҳон»-ро эълон менамояд.

Дар он ҳунармандоне, ки бо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ машғуланд ширкат карда метавонанд.

1. Иштирокчиён метавонанд маҳсулоти худро барои ширкат дар озмун бо ишораи «Барои озмун» пешниҳод намоянд.

2. Маҳсулоти пешниҳодшуда бояд: -таъриху фарҳанги бойи шаҳри Хуҷанд таҷассум намояд; - дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва хосатан шаҳри Хуҷандро ифода кунад; - мазмуну муҳтавои он баланд бошад ва чун туҳфаи беҳтарин пазируфта шавад;

3. Муҳлати қабули мавод то 1 ноябри соли 2019 сурат мегирад.

4. Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида мешаванд.

5. Суроға барои қабули мавод: шаҳри Хуҷанд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев, 39 ошёнаи 8, ҳуҷраи 804.

Инчунин, хоҳишмандон тариқи телефони (83422) 4-67-34, 4-67-35, 4-67-36 метавонанд маълумоти муфассал гиранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд