(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бахшида ба Рӯзи китобхонаҳо таҳти унвони “Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан” ва дар ин замина Аксияи ҷавонон таҳти унвони “Биёед, китоб мехонем!” баргузор карда шуд.

Ба ин муносибат дар ошёнаи аввали Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоиши калони кушоди китобию матбуотӣ ва слайдӣ бо фарогири китобҳои тозанашр доир ба Истиқлолият, Пешвои миллат, бахшида ба соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, китобу маҷаллаҳо доир ба дастовардҳои ҷавонон ва осори адибону олимони мамлакат ташкил карда шуд.

Директори китобхона Баҳром Мирсаидов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, нуктаҳои асосии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро бозгӯ намуд. Хонандагони фаъол байтбарак ва қироати шеър намуданд. Дар интиҳо кормандони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхона ташрифкунандагонро бо шуъбаҳои китобхона ошно намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд