(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt Тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" баргузор гардид.

Дар ҷараёни аксия ҳайати маҳфили "Пайравони Пешвои миллат"-и донишгоҳ ба ҷавонон варақаҳои иттилоотиро дастрас намуда, доир ба рӯзгори ибратбахш, хизматҳои содиқонаву тақдирсоз дар назди халқу Ватан ва сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф заданд.

Ҷавонон бо шукргузорӣ аз фазои осоиштаи Ватани азиз - Тоҷикистони соҳибистиқлол иброз доштанд, ки "Дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ҳар яки мо ҷавононро водор месозад, ки баҳри пешрафти имрӯзу фардои кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ даҳчанд кӯшиш намоем".

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд