(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳ ва бохабар шудан аз вазъи зиндагии ҷавонони маъюбу камбизоат ба манзили сокини кӯчаи Озодӣ 198/11 Ҳасан Шерматов ташриф оварда, мавсуфро мавриди аёдат қарор дода, бо фарорасии Рӯзи ҷавонон таҳният гуфтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумо ҷавонон ҳамеша зери парастиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор доред.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки самараи иқдомоту дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо пайваста кӯшиш дорад. Ҷавонон - умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошанд ва вазифадоранд, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоянд. Зеро ояндаи Тоҷикистон бо ҷавонон иртиботи доимӣ дорад ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.

Роҳбари вилоят бо Ҳасан Шерматов суҳбати самимӣ анҷом дода, доир ба вазъи саломатӣ ва нақшаҳои ояндааш пурсон гашт.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати тавонбахшӣ ва солимии ҷавони умедбахш Ҳасан Шерматов аз ҷониби табибони ҳозиқи вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Бобо ва модаркалони Ҳасан Шерматов ва худи ӯ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунем. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем. Хайру эҳсони шумо ба рӯзгоратон барака орад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд