(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд Гулбаҳор Маҳкамова як қатор интихобкунандагони камбизоатро мавриди айёдат қарор дода, дар маҳфиле бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила иштирок ва суханронӣ намуд.

Гулбаҳор Маҳкамова нахуст ба манзили сокинони маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд Мирҳабиб Калонов, Собир Муҳаммадҷонов, Махсум Бобоев ва Мелиҷон Бобоҷонова ташриф оварда, онҳоро бо Рӯзи байналмилалии оила табрик гуфта, ҳамзамон мавриди айёдат қарор дод.

Сипас вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх», №5-и шаҳри Хуҷанд Гулбаҳор Маҳкамова дар маҳфили идонаи муҳассилини МТМУ №27, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ташкил шуда буд, иштирок намуд.

Хонандагон дар васфи оила, муқаддас будани он шеъру сурудҳо сароида,ҳамагонро ба мустаҳкам намудани он талқин намуданд. Таъкид шуд, ки оила масъулияти муқаддасу масъулиятнокро дар рушд ва тарбияи сарвати инсонӣ ба уҳда дорад. Маконест, ки дар он арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар мегузарад. Кӯдак бо табиати пок ба дунё меояд ва ӯро оила андар қолаб мегардонад.

Сипас оилаҳои намунавии Исломовҳо ва Турдибоевҳо доир ба сабақҳои зиндагии худ, бахусус зиндагии тифоқи бисёрсола андешаҳои хешро баён доштанд. Аз оилаҳои ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки босабру пуртаҳаммул бошанд.

Вакили вилоятӣ Гулбаҳор Маҳкамова баромад намуда, аз ҷумла таъкид дшт, ки Барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раисони маҳаллаҳои Раззоқ, Масҷиди Савр, Қорираҳмат Қурбонов, Чорчароғ, ҳамчунин муассисаҳои таълимии № 3, 16, 17, 27, мактаб-интернати давлатӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуд барномаҳои гуногуни фарҳангию илмӣ, варзишӣ, семинару машваратҳо, озмуни шеъру сурудҳо ва расмкашӣ баргузор гардида, корҳои ободонию созандагӣ дар ҳавзаи интихоботӣ вусъат додааст.

Ҳамчунин барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолии маҳалла дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр тамоми ҷидду ҷаҳди хешро равона сохта, аз интихобкунандагон даъват ба амал овард, ки дар ин радиф фаъол бошандк маҳаллаашонро ба маҳаллаи беҳтарин табдил диҳанд.

Чорабиниро сарвари МТМУ №27- и шаҳри Хуҷанд Манзура Ёрматова натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар як аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар оила ба фарзандон тарбияи дуруст дода, ҷомеаро қаноатманд намояд, албата давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ мерасад. Сиёсати оқилона ва раъиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеа, яъне моро водор месозад, ки барои мустаҳкамии оила кӯшиш намуда, онро ҳамчун масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намоем. Зеро оила рисолати муқаддасу масъулиятнокро дар рушд ва тарбияи сарвати инсонӣ бар ӯҳда дорад. Маконест, ки дар он арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳо иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар мегузарад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд