(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи маорифи шаҳр дарси кушоди намунавӣ аз фанни физика дар мавзуъи "Майдони магнитӣ. Таҷрибаи Эрстед". , аз тарафи омӯзгори литсейи донишкадаи политехникии Тоҷикистон Ҷӯрабой Бобоҷонов дар синфи 8 -и муассисаи таълимии номбурда бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва омӯзгорони ҷавони шаҳр гузаронида шуд.

Дарс бо усули муосир ва пурмаҳсул ташкил ва гузаронида шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи ташкили чунин дарсҳо, ки тибқи нақшаи шуъбаи маориф мунтазам ташкил ва гузаронида мешаванд, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ мебошад.

Баргузории чунин дарсҳо мувофиқи нақшаи тасдиқгардида дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд