(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар доираи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар эълон гардидааст, дар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвони «Дар олами афсонаҳо» аз рӯйи лоиҳаи ЮСАИД бо иштироки хонандагони синфҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

Хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва тарбиятгирандагони маркази инкишофи кӯдаки муассисаи таълимии мазкур ба тамшобинон афсонаҳои халқиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо маҳорати баланд манзур намуданд. Ҳамчунин афсонаҳоро бо навори филми тасвирӣ дар муаррифинома нишон доданд. Шеъру сурудҳои ҷолиб табъи ҳозиринро болида намуд.

Фирӯза Раҳматова ва Дилором Боқихӯҷаева, намояндагони лоиҳаи ЮСАИД «Ҳамрох бихонем» аз сатҳи баланди ташкили чорабинӣ тавсиф намуда, онро намунаи ибрат барои дигар муассисаҳои таълимии шаҳр унвон намуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳаи ЮСАИД «Ҳамрох бихонем» ба 26 муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд беш аз 140 ададӣ китобҳои таълимию бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ройгон тақдим карда шудааст. Ҳамзамон ташкилоти мазкур барои бозомӯзии омӯзгорон саҳмгузорӣ намудааст.

Қутфия Раҳматова, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба маъмурияти МТМУ №27 барои ташкилу баргузории чорабинии баландмазмун изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки он барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии хонандагони хурдсол мусоидат менамояд. Манзура Ёрматова, директори МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд чорабиниро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадафи гузаронидани маҳфил дар он аст, ки хонандагонро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, бахуссус афсона бештар ҷалб намоем. Зеро хондани китобҳои бадеъӣ ба толибилмон сатҳи саводнокӣ, инкишофи фикронӣ ва маҳоратии забондонияшонро афзун менамояд. Яъне китобхонӣ дар ташаккули шахсият ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии хонандагон нақши муҳимро мебозад. Хонандагони синфи ибтидоӣ дар натиҷаи хондани китобҳои бадеъӣ ва афсона шавқу ҳавасашон доир ба ҳунаромӯзӣ низ зиёд мешавад.

Мавсуф таъкид намуд, ки мустақилона мутолиа намудани китобҳои бадеӣ ба хонандагони хурдсол ба васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, тараққиёти шуур ва бою пурмазмун гардидани таасуроти онҳо ба зиндагӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд