(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон санаҳои 7-8 майи соли 2019 дар муассисаи давлатии таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 60 нафар шоҳмотбозон иштирок намуда, дар натиҷа байни писарон сазовори ҷои якум Амир Икромов сазовори ҷои дуюм Меъроҷ Каримов ва сазовори ҷои сеюм Даврон Каримов гардиданд. Байни духтарон сазовори сазовори ҷои якум Аниса Каримова сазовори ҷои дуюм Парвина Каримова ва сазовори ҷои сеюм Адлия Ўрунова гардиданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода иштирок намуда, ба ғолибон ва ҷоизадорон ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро тақдим намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд