(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Ҳамшаҳриёни азиз! Падарони шуҷою шарафманд!

Фарорасии иди барои тамоми инсонияти тараққихоҳи дунё азизу мўътабар ва фархунда – 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро барои ҳар яки шумо муборакбод гуфта, ба кулли мардуми Хуҷандшаҳр осмони софу беғубор, тани сиҳату хотири ҷамъ, ба падарони матину қаҳрамон давлати пирӣ таманно менамоям. Ҳафтоду чор сол муқаддам дар ҳамин гуна рўзҳои баҳорӣ хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муждаи Зафар дар рўи олам танинандоз гардид. Ин ҷанги мудҳиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарўз давом карда, оташи он садҳову ҳазорон шаҳру деҳаҳоро ба хок яксон намуд, ҳаёти 27 миллион нафар мардуми шўравиро ба комаш фурў бурд.

Дар ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсўз 260 ҳазор нафар тоҷикистонӣ паҳлў ба паҳлўи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ ҷон рўи каф гирифта, ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватанро ҳифз намуд. 60 ҳазор нафар аз ҷанг барнагашт, дар майдонҳои набард ҷавонии ҷовидона ёфт.

Он қаҳрамонӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла хуҷандиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шўравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи олии ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар таърихи ватан бо хатти заррин сабт шудааст ва насли ҷавон вақте онҳоро саҳифагардон менамояд, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шўҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ ба диёрро меомўзад.

Имрўз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол дар арсаи олам мақому манзалати хоса пайдо кардааст, сиёсати сулҳпарваронаи худро ҳамеша эълом медорад. Ҷонибдори сулҳи минтақа ва кулли кураи арз ҳамчун садои дили мардуми сулҳдўсту инсонпарвари тоҷик дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди умумиҷаҳонӣ бозгўи рисолати азалии сулҳдўстию инсонпарварии тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст.

Солҳо мегузаранд, наслҳои дигар ба олам меоянд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи ин хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷон нисор намудаанд, абадан зинда хоҳанд монд. Таърихи ин xанг наслҳои ояндаро хушдор медиҳад, ки тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва муттаҳидию ҳаммаромӣ беҳтарин неъмати тақдир аст ва онро ҳифз намудану поянда доштан, вазифаи муқаддаси ҳар ватандор аст.

Дар ин рўзи нек ба ҳар яки шумо, ҳамшаҳриёни азиз, саодати зиндагӣ ва сарбаландиҳо хоҳонам. Бигзор осмон ҳамеша соф, сулҳ дар рўи Замин ҷовидон бошад!

Иди зафар муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд