(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо иқдоми Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида ба 74 солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар толори кинотеатри маҷмааи фарҳангии маҳаллаи Ваҳдат, воқеъ дар микроноҳияи 27 пагоҳ, яъне санаи 9.05.2019 соатҳои 12:00 ва 14:00 тамошои ройгони филмҳо барои меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда мешавад.

Марҳамат ба тамошои ройгони филмҳо!

Шаҳрдор ҳамзамон дастур додааст, ки минбаъд дар рӯзҳои истироҳат дар кинотеатри мазкур филмҳои тарбиявӣ, таърихӣ ва худшиносиву худогоҳиро бештар ба намоиш гузоранд, то ин ки аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ҷилавгирӣ карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд