(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt Дар гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди Ғалаба чорабинии шаҳрӣ таҳти унвонӣ «Сари таъзим ба мардони шуҷоъи Ватан» баргузор гардид, ки дар он намояндагони шуъбаи маориф, ҷановарони интернатсионал ва омӯзгорону хонандагони шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо Кувваи зиёди ҳарбӣ: 5,5 млн. аскар, ки иборат аз 190 дивизия буд, ба ИҶШС ҳуҷум овард. Дар як вақт Германия фашистӣ дар тӯли зиёда аз 3000 км сарҳадро вайрон карда, ба хоки ИҶШС 5,5 млн. аскар, 3712 танк. 4950 самолётҳои ҷангӣ 47260 тӯп ва миномётҳоро ба кор даровард. Германияи фашистӣ ҷанги барқосоро гаронида дар муддати то 2 моҳ қӯшунҳои Шӯравиро шикаст доданӣ буд. Ҳамаи халқҳои ИҶШС ва Артиши Сурхи қаҳрамони он аз дақиқаҳои аввали ҷанг ба ҷанги тан ба тану барои ҳаёту мамот бархостанд. Дар тамоми хати набардҳо аз баҳри Балтика то Сиёҳ қӯшунҳои шӯравӣ ба ҷанг даромаданд. Дар байни онҳо тоҷикон ҳам буданд. Ибтидои ҷанг, ки моҳҳои июн-октябри соли 1941-ро дар бар мегирад, қӯшунҳои дар бар мегирад, қӯшунҳои шӯравӣ ҷангҳои мудофиавӣ намуда аз сабаби нобаробарии қувва ҷангкунон қафо менишаст. Ҷангҳои калон ва қаҳрамонона дар ин муддат дар Брест, Вилнюс, Смоленск, Киев, Одесса ва Севастополь ва ғайраҳо шуданд.

Ҷанговарони тоҷик Акобир Маҳмудов, Маҳмадҷон Абдувалиев, Шукур Раҳмонов ҷангро дар Брест ооз намуда қаҳрамонона ҳалок гардидаанд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг Мирзоев Н.И. дар Украинаи ғарбӣ; Эргаш Саидов, Э.Рӯзиев, Ҳ.Кенҷаев (баъд Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ), М.Олимҷонов дар Белорус; Мухтор Ёров дар Наздибалтика; Бобиев Мирзоалӣ дар Қрим; А.Ҳоҷи-боев дар соҳили Неман меҷангиданд. Ҷангномаи ҳамаи номбаршудагон дар таърихи ибтидои ҷанг сабт аст.

Хонандагони гимназияи рақами 4 бо шеъру суруд ва таронаву саҳначаҳои ҷолиб дар васфи посдории Ватан мардонагию шуҷоатмандӣ табъи ҳозиринро болида намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд