(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Санаҳои 5-7 майи соли равон бахшида ба Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва Рўзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба бокс байни наврасони синну соли 2003-2004 ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 66 нафар варзишгарон аз муассисаҳои давлатии мактаби варзишии рақамҳои 1, 2, 3, 4 ва захираҳои олимпии шаҳр иштирок намуда, 20 нафар сазовори ҷойи сеюм, 15 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 15 нафар сазовори ҷойи якум гардиданд.

Иштирокчиёну ғолибони мусобиқа бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд