(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади интихоби варзишгарони шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар мусобиқаи вилоятӣ, ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қаиқронӣ байни наврасони соли таваллудашон 2001-2003 ва 2004-2005 бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон” дар дарёи «Сир» минтақаи “Наврўзгоҳ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид оид ба заврақронӣ байни наврасони соли таваллудашон 2001-2003 ва 2004-2005 бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар мусобиқа зиёда аз 60 нафар варзишгарон иштирок намуда,-тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон ва калонсолон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи намуди заврақронӣ байни наврасону ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба намуди заврақронӣ мебошад.

Мусобика байни варзишгарони соли таваллудашон 2001-2003 ва 2004-2005 аз рўи масофаҳои гуногун гузаронида шуд.

Дар натиҷа ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд