(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Субҳи имрӯз, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили иштирокчиёни ҶБВ Аҳрулло Саидов ва Малинина Робига ташриф оварда, эшонро бо фарорасии 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику тахният гуфтанд.

Ба аёдатшудагон кӯмакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маблағи 5000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба маблағи 2000 сомонӣ ва кӯмакпулии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба маблағи 1500 сомонӣ тақдим намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни сӯҳбат бо иштирокчиёни ҶБВ Аҳрулло Саидов ва Малинина Робича эшонро бо 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда таманно намуданд.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Таъкид шуд, ки мо ҳамагон шукронаи Ваҳдату осоиштагии Ватани азизамон намуда, дар атрофи Роҳбари Давлат сарҷамъ бошем ва барои сохтмони бузурги Истиқлолият хишти созандае гузорем.

Худи ҳамин руз аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирокчии дигари ҶБВ Қориҷон Ахмедов низ мавриди айёдат қарор гирифта, ба мавсуф маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд