(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои собиқадорони Ҷанги бузурги Ватанӣ дар кӯдакистони рақами 20 хушҳолӣ ба муносибати 74 солагии Рӯзи Ғалаба бо кӯдакони гуруҳи калони томактабӣ таҳти раҳнамоии мураббия Замира Ҷӯраева баргузор гардид.

Толори кӯдакистон ба ин муносибат фазои идона ба бар намуда буд.

Нахуст мудии ширхоргоҳ-кӯдакистони мазкур Нигина Қодирова чорабиниро оғоз намуда. Аз ҷумла зикр дошт, ки ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.

Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.

Сипас тарбиятгирандагони кӯдакистон дар бораи сулҳ, афсар, Ватан, матонат, мардонагӣ ва ғайра шеърҳо қироат намуда, саҳнаи ҷолиберо аз замони ҷанг ба тамошобинон манзур карданд.

Сурудҳои ватандӯстона дар иҷрои кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур намояндаи шуъбаи маориф шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Нозимова, волидайни тарбиятгирандагони муассиса иштирок намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд