(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар оғози мулоқот нахуст аз раванди муносибатҳои дар сатҳи олӣ қарордоштаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои байнидавлатии шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, ки бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки он ба манфиати мардумони дӯсти ду давлат равона шудаанд ва алъон самаранок густариш ёфта истодааст.

Сипас, Раиси шаҳр дар бораи таърихи имрӯза гузаштаи шаҳр маълумот дода, аз ҷумла зикр дошт, ки шаҳри Ҳуҷанд аз қадимтарин шаҳрҳо ба ҳисоб рафта, таърихи наздик 3000 сола дорад. Хуҷанди кадим дар соҳили дарёи Сир ҷойгир буд ва аз ҳамон давра ин руди пуроб ҳусни табии ин шаҳри офтобиро меафзояд. Хуҷандро бинобар зебогиаш «Тирози ҷаҳон», яъне «Арӯси ҷаҳон» низ ном мебаранд.

Шаҳрдор гуфт, ки Хуҷанд аз кадим шаҳри саноатӣ ва макони тоҷирон маҳсуб меёфт. Дар як маъхази бойгонӣ омадааст, ки то солҳои 30-уми асри ХХ дар Хуҷанд наздик 300 намуди ҳунарҳои дастӣ ҷой дошт.

Шаҳри Хуҷанд барои санъати сарояндагӣ, навозандагӣ ва хунари театру кино садҳо устодони номдори соҳаро ҳадя намудааст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки соли ҷорӣ дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилал дар шаҳр бо таҳкимбахшии инфрасохтори сайёҳӣ, аз қабили Маҷмааи “Роҳи танобӣ” ва тарабхонаи киштии рамзии “Темурмалик” бо эҳтимоми соҳибкори тоҷик Абдурасул Раҷабов, ки дар Қазоқистон кору фаъолият дорад, барои сайёҳони дохилию хориҷӣ имконоти наверо фароҳам оварда шуд.

Раиси шаҳр гуфт, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр давоми се моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 80,0 фоиз афзудааст. Дар ин давра номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 10 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷа содирот карда шудааст. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 54 адад ё 33,5 фоизашон 54 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 69,5 миллион сомонӣ истеҳсол кардаанд.

Имрӯз шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус дар замони Истиқлолият хеле пеш рафтааст, ҳамасола дар шаҳр беш аз 100 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Мо то 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 иншоотро сохта ба истифода медиҳем. Аз ин иншоот аллакай наздик 200 иншоот ба истифода шудааст.

Сипас, роҳбари ҳайати меҳмонон, Абиш Дулатбек, директори генералии ШТР «Айгак», вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Туркистон, роҳбари ҷамъияти қазоқони вилояти Туркистони ҷумҳурии Қазоқистон, аз қабули расмии шаҳрдори Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ дод, ки дар ҳайати мазкур ҳамзамон Аманалӣ Абдураҳмонов, барандаи ҷоизаи давлатии ИҶШС, ҳамсабақи Президенти нахустини ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Атирхан Шингисбоев, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Толибӣ, Нураҳмад Шабакатев, собиқадори меҳнат, Бегалӣ Рисбеков, фарҳангшинос, Ғанӣ Чаймардонов, соҳибкор, Орал Кайсар, сокини шаҳри Шимкент, Сайтанат Тойболова, барандаи ҷоизаи ҷавонон ба номи «Дарин», сармуҳарири ШРТ «Айгак» ва дигар ҳайати эҷодии ин шабакаи телевизионӣ ҳузур доранд.

Абиш Дулатбек гуфт, ки бори дуюм аст, ки вориди шаҳри бостонии Хуҷанд мешавад ва имрӯз шаҳрро тамоман дар симои дигар ёфтааст. Шаҳр хеле зебою тоза ва ороста буда, биноҳои нави иҷтимоию иқтисодӣ дар ин давра бунёд шудаанд.

Мавсуф таъкид дошт, ки соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Шимкент соли таърихӣ арзёбӣ мегардад, зеро сокинони ин бародаршаҳри Хуҷанд ба 1 миллион нафар расиданд, ки чунин шаҳрҳо дар Қазоқистон 3 адад аст. Дар Шимкент кӯчае аст бо номи Хуҷанд ва мо мефахрем, ки яке маҳаллаи тозабунёди шаҳри Хуҷанд низ номи Шимкентро гирифтааст. Мо бояд дар оянда рафту омадаро густариш диҳем, ки ба манфиати умум аст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳавасмандии худро барои татбиқи санадҳои муҳими байни Тоҷикистон ва Қазоқистон имзошуда, ки муносибатҳои кишварҳоро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, танзим менамояд, иброз доштанд. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд