(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Як гурӯҳи калони наворбардорони ширкати телевизион ва радиои «Айгак»-и Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳамроҳии фаъолони шаҳри Шимкент ва вилояти Туркистони ин кишвар ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Нахуст меҳмонон аз Қасри фарҳанги Арбоб боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин қаср аз номи теппае, ки дар он бунёд ёфтааст Қасри фарҳанги Арбоб ном гирифтааст ва боҳашамату санъати хосаи меъморию тасвирӣ шӯҳраташ аз ҳудудҳои ҷумҳурӣ берун рафт. Номи қаср бо шарофати дар он баргузор гардидани Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вирди забонҳо гашта, имрӯз аз ҳарвақта бештар таваҷҷӯҳи халқро сазовор гаштааст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия низоми давлатдорӣ ва сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва роҳбарияти нави давлат ба сари қудрат омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин қаср, дар иҷлосияи зикрёфта Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳаёти имрӯзаи мамлакат дуруст ва оқилона будани интихоби ҳамонвақтаи роҳбари давлатро исбот кардааст.

Ороиши даромадгоҳи Қаср ва саҳни он меҳмонро ба ҳайрат овард. Зеро дар зери ҳамаи тирезаҳои тарафи саҳн, дар пештоқи даромадгоҳи марказй, дар байни нақшҳо аз осори шоирони асри X сар карда то шоирони барҷастаи имрӯз байту рубоиҳо сабт карда шудаанд. Дар ин ҷо каломи ширину оташини Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Робияи Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хисрав, Ҷомӣ, Навоӣ, Биноӣ, Ҳилолй, Зебуниссо, Боботоҳири Ҳамадонй, Асирӣ, адибони рус Пушкин, Горкий, Маяковский, Белинский, инчунин намунаҳои осори С.Айнӣ, М.Турсунзода, Р.Ҷалил, М.Аминзода, А.Шукӯҳй ва дигар шоирону нависандагон сабт гардидааст. Таъкид шуд, ки ороиши дохили бино дар ҳақиқат намунаи барҷастаи эҷодиёти халқ ва санъати меъморию наққошӣ мебошад. Дар ин бинои боҳашамат хонае, нест, ки бо гаҷкорӣ зиннат дода нашуда бошад.

Нақшҳои хурду калон то ба дараҷае мураккаб ва ҷолиби диққатанд, ки бинандаро ба завқ меоранд. Ин корро устоҳои бомаҳорати тоҷик, усто Ширин Муродов ва шогирди беҳамтояш Мирумар Асадов иҷро кардаанд.

Ҳайати меҳмонон ҳамзамон аз осорхонаҳои навтаъсиси таърихи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қасри Арбоб шиносоӣ пайдо намуда, ба роҳбарияти ин қаср туҳфаҳои хотирави тақдим доштанд.

Сипас меҳмонон ба маҳаллаи Шимкенти шаҳри Хуҷанд низ ташриф оварда, бо вазъи зиндагии мардум ва ҳавлиҳои бунёдшуда шиносоӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳаллаи Шимкенти шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи эҳтиром ба бародаршаҳрии Хуҷанд- шаҳри Шимкент номгузорӣ шудааст. Ҳамчунин меҳмонон аз маҷмааъи Исиқлолият боздид намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд