(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва шиносоӣ бо раванди корҳои ободонӣ дар ҳудуди бозори марказии «Панҷшанбе» аз ин маркази бузурги савдои вилоят боздид намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фурӯши маҳсулоти гуногун, пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба нархи он намуда, аз масъулини дахлдор даъват ба амал овард, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархҳо танзим ва то ба қадри имкон поён оварда шавад. Роҳбари вилоят дастур дод, ки бо ташкили дӯконҳои фурӯши гӯшт аз ҷониби Ҷамъияти иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и вилоят, роҳбарияти вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкориии судманд бо хоҷагиҳои молпарварӣ фоли нек ба арзиши он таъсиргузорӣ намоянд, то ин ки ба мардум дастрас гардад.

Таъкид шуд, ки фаровоннамоии маҳсулоти бозор дар моҳи шарифи Рамазон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф пеш аз ҳама дастраснамоии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия аст.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон 20-30 фисад арзон карда шавад. Раиси вилояти Суғд аз растаи биринҷфурӯшон ва дигар маҳсулоти донагӣ боздид намуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки барои зиёд намудани кишти биринҷҳои навъи аълои бозоргир тадбирҳо андешанд. Иттилоъ дода шуд, ки нархи нахуд, наск ва мош нисбати соли гузашта бамаротиб поён шудааст.

Зимни суҳбат бо фурӯшандагони бозори «Панҷшанбе» Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вилоят дар самти таъмин амнияти озукаворӣ маълумот дода, даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани маҳсулот ва поён фаровардани нархи он саъй намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз вазъи нархи картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам низ ошно гардид.

Дар фароварди боздиди худ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии «Панҷшанбе» ба тезонидани раванди корҳои ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки бозор оинаи шаҳр аст ва сайёҳони дохилию хориҷӣ аз бозор боздид мекунанд ва он бояд ҳамеша тозаву ороста ва ободу зебо бошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд