(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тавре ки иттилоъ дода будем як гурӯҳи калони наворбардорони ширкати телевизион ва радиои «Айгак»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф меоранд, чанде лаҳза пеш вориди шаҳр шуданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи шарқии шаҳр-гардишгоҳи Ором бо нону асал муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода пешвоз гирифтанд.

Наворбардорони ширкати телевизион ва радиои Ҷумҳурии Қазоқистон санаҳои 6-8 майи соли равон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Суғд, бозори марказии «Панҷшанбе», Боғи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааҳои «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Истиқлол», «Роҳи танобӣ», киштии рамзии «Темурмалик» ва ғайраҳо боздид намуда, бо вазъи зиндагии мардуми маҳаллаи «Шимкент»-и шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо менамоянд.

Дар барномаи сафари кори гуруҳи калони наворбардорони ширкати телевизион ва радиои «Айгак»-и Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот бо Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ пешбинӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд