(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи таълимии томактабии №25-и шаҳри Хуҷанд мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳр оид ба татбиқи амалии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 дар муассисаи таълимии томактабӣ машғулияти намунавӣ аз омӯзиши забони англисӣ ташкил ва баргузор гардид.

Мураббияи ҷавону бомаҳорат Мастура Саидова бо 25 нафар кӯдакони гуруҳи омодагӣ ба мактаб машғулият гузаронида, бештар ба такмили босифати муҳтавои барнома ва маводи таълимиву методӣ дар самти омўзиши забони англисӣ барои муассисаҳои томактабӣ тибқи талаботи стандарти давлатӣ эътибори махсус дод. Кӯдакон бо шавқу ҳавас дар машғулият иштироки фаъолона доштанд.

Бояд зикр анмуд, ки дар ҷараёни гузаронидани машғулият намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр Муҳаббат Нозимова, Муаттар Ёқубова, мудирияти кӯдакистон ва муарббияҳои ин муассисаи томактабӣ иштирок ва машғулиятро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки дар самти татбиқи амалии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 дар муассисаи таълимии томактабӣ пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити педагогию психологӣ баҳри рушди қобилият ва завқи кўдакони синни томактабӣ дар омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, аз ҷумла бо кўдакони болаёқат дар асоси ба инобат гирифтани нерўи зеҳнӣ ва малакаи забондонии онҳо зарур мебошад. Хушбахтона амалишавии барнома натиҷаи дилхоҳро дар муассисаҳои томактабии шаҳр ба даст овардааст ва дар раванди дуруст дарк ва қабул кардани нутқ дар омўхтани забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳудуди мавзўи тавсиягардида ва ҳолату мавриди сухангўйии кўдакон пешравиҳо ба назар мерасанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд