(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рўзи радио ва алоқа

Кулли кормандони воситаҳои алоқа, хабарнигорон ва алоқамандони радиоро бо иди касбӣ – Рўзи радио ва алоқа аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо самимият ва эҳтироми афзун табрик намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи болидаю рўзгори обод ва дар фаъолияти минбаъда ба хотири ғановати фазои иттилоотӣ, хабарнигорӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҳидояти мардум ба меҳнати созанда комёбиҳои тоза таманно мекунам.

Тавре маълум аст, дар вазъияти ҷаҳонишавӣ тараққиёти бемайлони ҳаёти имрўзаро бе алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионии муосир тасаввур кардан душвор аст.

Имрўз дар саросари кишвар дар радифи даҳҳо рўзномаю маҷаллаҳо, радиою мавҷҳои озод фаъолияти пурсамар дошта, фазои иттилоотиро ғановат мебахшанд.

Боиси хурсандист, ки аҳли эҷоди васоити ахбори омма бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба интишор дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд ва бо истифода аз нерўи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Таҷлили Рўзи радио ва алоқа ва дар ин замина рў овардан ба таърихи радио, қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерўи бузурги ҳидояткунандаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони васоити ахбори омма аст. Радиову алоқа чун васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рўзгори мост ва ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд.

Дар ин рўзи неку фархунда ба кормандони радиою алоқа, собиқадорони соҳа ва ҳамаи шунавандагону истифода-барандагони васоити алоқа барору музаффариятҳо орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак, кормандони соҳаи алоқа ва радио!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд