(0 голоса, среднее 0 из 5)

alt

Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз.

Муҳтарам кормандони мақомоти андоз ва собиқдорони соҳа!

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шумоёнро ба муносибати иди касбиатон Рўзи кормандони мақомоти андоз аз номи худам ва аз номи сокинони Хуҷандшаҳр табрик ва муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодати умр, рўзгори ободу осуда ва дар фаъолияти босамару пурмасъулиятатон комёбиҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Воқеан ҳам мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад.

Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳаи андоз ҷонибдори сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар ободии Тоҷикистон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ кўшиш менамоянд.

Имрўз ҳар фарди солимфикри ҷомеа медонад, ки баракати хазинаи давлат аз андоз вобастагӣ дорад ва давлат тавассути он сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоиашро муназзам месозад.

Самараи саъю талош ва меҳнати кормандони мақомоти андози шаҳр мебошад, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ дар шаҳр рўз аз рўз вусъати тоза гирифта, тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиrлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоxикистон дар шаҳр сохта ба истифода додани боз садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ ба назар гирифта шудааст, ки албатта амалӣ гардидани ҳамаи он ба кору фаъолияти пурмасъули кормандони мақомоти андози шаҳр вобастагӣ дорад.

Аз ин рў, бо эътимоду эътиқод ба ватандорию ободгарӣ аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар кулли кормандони мақомоти андозро бо Иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо дарозумрӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, пирўзиҳои рўзгор ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳои беназирро орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд