(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи нақша чорабиниҳои таҷлили шоистаи 30 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар кӯчаи Камоли Хуҷандиии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёна, маркази хизматрасонӣ, филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Комерсбонки Тоҷикистон», фитнесклуб, ошхона, оҷонсии рекламавии муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки филиали ҶСК «Комерсбонки Тоҷикистон»дар шаҳри Хуҷанд аз соли 2017 инҷониб фаъолият дошта, то имрӯз ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯ ва иқтидори худро барои дар сатҳи баланд расонидани хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон, беҳтар шудани низоми бонкӣ ва рушди иқтисодии мамлакат равона мекунад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи филиали ҶСК «Комерсбонки Тоҷикистон»-ро туҳфаи хубу арзишманд дар қатори дигар иншооти бунёдшавандаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус барои мизоҷони бонк арзёбӣ намуда, бо шароити кории фароҳамшуда шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар филиали бонк 35 нафар мутахассисони ҷавон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Ҷалби бонувон ба кори бонкӣ дар мадди назари муассисон қарор гирифта, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наздик 50 дарсади кормандони филиал аз ҳисоби занон интихоб шудаанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки хизматрасониҳои муосири бонкӣ, аз қабили интернет- бонкдорӣ ва бонкинги мобилӣ тавассути «Комерсбонк Тоҷикистон» барои мизоҷон дастрас буда, дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Филиали ҶСК «Комерсбонки Тоҷикистон» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барномаи «volip»-ро роҳандозӣ намудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти бонк дастур дод, ки бояд бо соҳибкорони ватанӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монанд ва бо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба рушди иқтисодии шаҳру вилоят саҳмгузорӣ намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки шукронаи истиқлолият, ки дар раванди кунунии ҷахонишавӣ фаъолияти бонкҳо васеъ ва хизматрасонии муосири бонкӣ торафт дастраси мардум мегардад. Ва яке аз самтҳои афзалиятноки низоми бонкии кишвар ин васеъ намудани доираи фаъолияти бонкҳо ва ҳар чӣ бештар дастрас шудани хизматрасонии бонкӣ барои мардум маҳсуб меёбад. Мизоҷон ба хизмастрасони ин бонк дастрасии комил ва қулай дошта бошанд.

Сипас Раиси вилоят ошхонаи таъомҳои миллии «Насиба»-ро, ки дар зери бинои бонк ҷойгир буд, мавриди истифода қарор дод. Дар ин ҷо Раҷаббой Аҳмадзода дар пайравӣ ба иқдомҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 10 нафар наврасони ятим тӯҳфа ва маблағҳои пулӣ тақдим кард. Ҳамзамон ба ин наврасон хони идона густурда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фитнес клуби занона ин иқдомро баҳри сиҳатии омма, бахусус занон амали ояндабинона арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки солимии ҳамагон аз модарон вобаста аст. Машғул шудани занону модарон ба тамрини гуногун дар баробари сиҳатии худ ба фарзандон ва насли оянда низ муфид аст.

Дар зербиноии хонаи баландошёна ҳамзамон оҷонсии рекламавӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки бо техникаи муосир таҷҳизонида шудааст. Оҷонсии рекламавӣ асосан ба нашри маводҳо таблиғотӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар соҳаи хизматрасонии шаҳр мавқеъи худро бо дастрасии нархҳои қулай пайдо намуданист.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури меҳмонон ва сокинони шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ифтитоҳи бинои баландошёна бо фарогирии 37 ҳуҷра, марказҳои хизматрасонӣ, филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Комерсбонки Тоҷикистон», фитнесклуби занона, ошхонаи «Насиба», оҷонсии рекламавии муосир дар шаҳри Хуҷанд боз зиёда аз 60 адад ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон фароҳам оварда, ҳамзамон ба ҳусни шаҳр зебогии дигарро зам менамояд. Гузашта аз ин маҷмуъи хизматрасониҳои иншооти номбурда барои пеш бурдани фаъолияти рӯзмарра ва зиндагии шоистаи мардум мусоидати фаъол хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд