(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ байни хонандагон дар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд озмуни "Фуруғи субҳи доноӣ..." ташкил ва гузаронида шуд.

9 нафар хонандагони фаъоли ин муассисаи таълимӣ асарҳои хондаи хешро тариқи нақлу аз ёд ба ҳакамот пешниҳод намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон Нигина Эшонова ва Дилноза Сайфиддинова хонандагони синфи 8, Абдулҳафиз Ғафуров муҳассили синфи 9 ва Нигина Латифова толибаи синфи 10 аз руйи бахшҳои гуногуни озмун ғолибият ба даст оварданд. Акнун номбурдагон дар даври шаҳрии "Фуруғи субҳи доноӣ" дар баробари дигар ғолибон муассисаҳои таълимӣ маҳорати хешро месанҷанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд