(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёстаи Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ва намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳр бо донишҷўён доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон, аз ҷумла даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот сурат гирифт.

Усмонҷон Юсуфӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки яке аз самтҳои ниҳоят пурсамари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пайваста ва такя ба неруи насли ҷавон аст. Ва ин таваҷҷуҳи махсус ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарзанди миллатро водор месозад, ки дар роҳи эҳёи дубораи давлату давлатдорӣ, фарҳанги безаволи миллӣ, арзишу муқаддасоти динию мазҳабӣ, пойдории сулҳу субот тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро сафарбар намояд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳимот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд. Имрӯз моро лозим меояд, ки дар шароити мураккаби авзои ҷаҳонӣ Ватани хешро ҳимоя созем.

Сипас, бартарафкунандагони садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил Толибҷон Зоҳидов, Абдуваҳҳоб Ҳоҷибоев ва намояндаи Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд полковник Аваз Қурбонов баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки хизмат ба Модар - Ватан барои ҳар як фарди ҷомеа шарафи бузург ва вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҷавонони моро мебояд, ки ҳифзи Ватанро вазифаи муқаддаси худ дониста, пайваста ба он кӯшанд, ки ватандӯсту масъулиятшинос ба воя расанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд