(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altШуруъ аз дируз, яъне 22-юми апрели соли равон ШТР «Азия»-и шаҳри Хуҷанд ба пахши 18 соата гузашт. Минбаъд тамошобинони ин шабакаи мустақили телевизиони онро аз соати 6:00 то 24:00 тамошо карда метавонанд.

Наздик 20 сол аст, ки ШТР “Азия” дар қатори дигар шабакаҳои хусусӣ фазои иттилооотии шаҳри Хуҷандро бо барномаҳои рангини сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ пур намуда, дар инъикоси дасторвардҳои шаҳрдорӣ низ саҳми муносиб гузошта меояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки барномаи мустақими “Салом Хуҷанд” ҳар субҳ бо бахшҳои пурмуҳтаво, шахсиятҳои маъруф мусоҳибаҳои ҷолиб таҳия намуда, дар барномаи “Навид” ҳамарӯза гузоришҳои ҷолиб доир ба навигариҳои шаҳри Хуҷанд ва муҳимтарин ҳодисоти мамлакат инъикос мегардад.

Дар ШТР “Азия” кадрҳои ҷавону умедбахш гирд омадааст ва умедворем, ки баъди гузариш ба пахши 18 соата дар таҳияи барномаҳои тамошобоб саҳм хоҳанд гузошт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд