(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва пойдору устувор намудани оилаҳои ҷавон дар МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, намояндаи мақомоти судӣ М. Рустамзода, корманади ШВКД дар шаҳри Хуҷанд К. Махкамов, муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд М. Урунбоева ва имомхатиби масҷиди «Тақво» Х. Ҳомидов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем. Агар бархе аз занон ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарон паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ созанд. Хулоса, он тадбирҳое, ки имрӯз роҳандозӣ гашта истодаанд, қабл аз ҳама як ҳадаф дорад – тарғиби сару- либосҳои миллии духтарону бонувон, ҳарчи зудтар ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ хотима бахшидан, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирифтан аст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд