(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба амалҳои террористиву экстремистӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат намуданд.

Мулоқотро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, афзуд, ки яке аз проблемаҳои муҳимтарине, ки дар доираи механизмҳои Созмони Миллали Муттаҳид ба таври анъанавӣ аз ҳама асосӣ ва ҳалкунанда дониста мешавад, проблемаи нигоҳдории сулҳ ва амният дар сайёра аст. Дар ин замина сарвари донишгоҳ аз кушишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи тоҷикон ва ҷаҳон сухан кард. Сипас муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода баромад намуд. Қайд гардид, ки мавзўи терроризм ҳоло ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо мебошад. Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф гардидааст, балки рўз аз рўз ҳодисаҳои террактӣ бештар гардидаанд. Муборизаи дастаҷамъонаи аҳли башар метавонад пеши роҳи ин падидаи номатлуби ҷаҳони имрӯзро гирифта бошад.

Дар идомаи мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ сухан карда, зикр намуд, ки дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Ҷавононро зарур аст пайваста омӯзанд ва ба ин қабил падидаҳҳо мубориза баранд.

Таъкид шуд, ки дар замони муосири ҷаҳонишавӣ терроризм ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. Ҳоло терроризм яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.

Суҳбати озоду ошкоро ва саволу ҷавоб байни иштирокдорон ба мулоқот ҳусни анҷом бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд