(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бахшида ба 70 солагии Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шуҷоат Ҳасанова маҳфили хотирмон сурат гирифт.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссар Қаҳҳорӣ номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода расонд, ки дар он аз ҷумла таъкид шудааст: “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати ҷашни 70 – солагии мавлудатон табрику муборакбод гуфта, бароятон дар ин рўзи неку фархунда тансиҳатии ҳамешагӣ ва саодати зиндагиро таманно менамояд. Дар ҳаёти Шумо чун инсони меҳнатқарин рўзҳои фаромўшношуданӣ хеле бисёранд ва ҳар яки онҳо ҳолномаатонро бо рангҳои назаррас муҷалло сохтаанд.

Мо бисёр ифтихор дорем, ки имрўз зани қавиирода, фозил ва хушмуомила, бонуи фидокору ғамхор ва яке аз пешқадамтарин фаъолзанони шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ, устод ва мураббии садҳо ҷавонон Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд – Шуҷоат Ҳасановаро ном мегирем. Ҳар як фарди солимфикру нексиришт Шуморо чун шахси меҳнатдўсту зафарпеша, зиндадилу шуҳратёр мешиносад ва арзи сипос менамояд, зеро бо меҳнати ҳалолу замири поки худ Шумо ба чунин соҳибэҳтиромиҳо мушарраф гаштаед".

Иттилоъ дода шуд, ки меҳнати софдилона, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзишманди Шуҷоат Ҳасанова бо ордени “Шараф”, медали “90-солагии адлияи Тоҷикистон”, “10-солагии Парлумони Қазоқистон” ва Ифтихорномаҳои давлатию ҳизбӣ қадр шудааст.

Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ахмедов, раиси собиқадорони вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, Арбоби давлатӣ Биҳоҷал Раҳимова, муовини раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ва дигарон дар бораи роҳи тайнамуда ва ибратбахши Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шуҷоат Ҳасанова баромад намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд