(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар боғи Ирами шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" баргузор гардид, ки дар ин озмун шаҳри Хуҷандро ғолибони даври шаҳрӣ ва вилоятии "Кадбонуи беҳтарин" Назира Қурбонова ва Шарифа Мансурова намояндагӣ карданд. Шаҳри Хуҷанд барои иштироки фаъолона соҳиби дипломи озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" гардид.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал соли ҷорӣ бо максади ҳавасмандгардонӣ, ҷалби занони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи таомҳои миллӣ, рушди анъанаҳои миллӣ, эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди дехот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни "Кадбонуи бехтарин" роҳандозӣ гардид.

Чанде қабл дар чойхонаи Сирдарё озмуни шаҳрии "Кадбонуи беҳтарин" баргузор гардид. Дар озмун аз 22 маҳаллаҳои шаҳр 44 нафар занону духтарон ширкат варзида, аз рӯйи 7 бахш маҳорати баланди кадбонугии хешро нишон доданд.

Дар охир аз ҷониби ҳакамони озмун ғолибон муайян ва бо диплому туҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода сарфароз гардонида шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд