(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода як гуруҳи беш аз 40 нафараи экологони хориҷӣ, ки дар семинари байниминтақавӣ дар мавзуъи «Ҳифзи бабри барфӣ» аз кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Қазоқистону Қирғизистон, Россия, созмони Авруосиё ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуда буданд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нахуст доир ба таърихи шаҳри Хуҷанд ба меҳмонон иттилоъи васеъ дода, аз ҷмла афзуд, ки шаҳри Ҳуҷанд аз қадимтарин шаҳрҳо ба ҳисоб рафта, таърихи наздик 3000 сола дорад. Хуҷанди кадим дар соҳили дарёи Сир ҷойгир буд ва аз ҳамон давра ин руди пуроб ҳусни табии ин шаҳри офтобиро меафзояд. Хуҷандро бинобар зебогиаш «Тирози ҷаҳон», яъне «Арӯси ҷаҳон» низ ном мебаранд. Ин шаҳри зебову офтобӣ аз замони пайдоиши худ рашки чандин лашкаркашони олам гардида буд ва зери ҳамлаи муҳорибаҳои шадид монд. Соли 1219 то апрели 1220 ба Хуҷанд лашкаркаши хунхор Чингизхон ҳуҷум кард. Вале мардонагию далерии каҳрамони халқи тоҷик Темурмалик баҳри муҳофизати Хуҷанд намунаи барҷастаи рамзи худшиносию ватандорӣ гардидааст.

Шаҳрдор гуфт, ки Хуҷанд аз қадим шаҳри саноатӣ ва макони тоҷирон маҳсуб меёфт. Дар як маъхази бойгонӣ омадааст, ки то солҳои 30-уми асри ХХ дар Хуҷанд наздик 300 намуди ҳунарҳои дастӣ ҷой дошт. Шаҳри Хуҷанд аз аввал бо таомҳои миллӣ шуҳрат дошт ва шоҳи таомҳо оши палав аз беҳтарин ғизо ҳисобида мешуд. Палавро дар ҳамаҷо омода мекунанд, вале оши палави Хуҷанд тамъи дигар дорад.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки соли 2006 ба ифтитоҳ дода шуд, дар назди Қалъаи Хуҷанд қомат афрохтааст. Намоиши экпозитсионии Осорхона дар зербино ва толори болоӣ созмон дода шудааст. Дар ин ҷо илму фарҳангу маданияти бойи мардуми Хуҷанд пурра инъикос ёфтааст.Шаҳри Хуҷанд барои санъати сарояндагӣ, навозандагӣ ва хунари театру кино садҳо устодони номдори соҳаро ҳадя намудааст. Дар идома ва эҳёи санъати Шашмақом хидматҳои арзандаи Содирхон Ҳофиз, Мақсудҷон Танбӯрӣ, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон бузург аст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки соли ҷорӣ дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд бо таҳкимбахшии инфрасохтори сайёҳӣ, аз қабили Маҷмааи “Роҳи танобӣ” ва тарабхонаи киштии рамзии “Темурмалик” барои сайёҳони дохилию хориҷӣ имконоти наверо фароҳам оварда шуд.

Раиси шаҳр гуфт, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр давоми се моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 80,0 фоиз афзудааст. Дар ин давра номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 10 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷа содирот карда шудааст. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 54 адад ё 33,5 фоизашон 54 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 69,5 миллион сомонӣ истеҳсол кардаанд.

Имрӯз шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус дар замони Истиқлолият хеле пеш рафтааст, ҳамасола дар шаҳр беш аз 100 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Мо то 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 иншоотро сохта ба истифода медиҳем.

Сипас меҳмонон аз таасуроти неку хотирмони хеш доир ба зебогӣ ва ободии шаҳри Хуҷанд изҳори назар карда, аз ҷумла афзуданд, ки шаҳр симои ҷавону нақҳати хуш дорад. Ҳамаҷо сабзпӯш буда, мардум дар фазои амну осоиштагӣ ва бо меҳрубониву самимият зиндагӣ доранд.

Бозори марказии шаҳр “Панҷшанбе” тозаву ороста ва пур аз анвои муаттару дилкаш аст. Интизор меравад, ки меҳмонон аз дигар мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал меоранд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд