(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш алалхусус ҷавондухтарон ба варзиш рушди намуди варзиши волейбол ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳо пиёда карда мешавад.

Дар МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии лигаи шаҳри Хуҷанд оид ба волейбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардид.

Дар лига байни писарон 24 даста дар 6 гурӯҳ ва байни духтарон 16 даста дар 4 гурӯҳ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа байни духтарон сазовори ҷои 1 дастаи МТМУ № 23 гардида, дастаи МТМУ № 6 мақоми дуюм ва дастаи МТМУ № 16 зинаи сеюмро ба даст оварданд.

Байни писарон дар бозии ниҳоӣ дастаҳои гимназияи №13 ва дастаи МТУҒ "Паймон" байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа сазовори ҷои якум дастаи гимназияи №13 сазовори мақоми дуюм МТУҒ "Паймон" ва сазовори ҷои сеюм МТМУ №5 гардиданд.

Ғолибон ва бозингарони беҳтарин бо Ҷом, Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қадршиносӣ карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки лигаи мазкур аз 1 октябри соли 2018 оғоз гардида то санаи 10 апрел идома ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд