(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи нозироти андози шаҳри Хуҷанд мулоқоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандони ин ниҳод баргузор гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов дар ҷаласа баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мулоқоти мазкур ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта мебошад.

Қайд карда шуд, ки ҷиноятҳои хислати коррупсионидошта дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир асосоҳои давлатдориро заиф намуда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани хатари коррупсия дар ҷомеа имрӯз ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Сипас, Васлибек Нарзизода, корманди шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба омилҳои сар задани коррупсия, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин падидаи нангин ва масъалаҳои иҷрои талаботи қонуну санадҳои зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла мақсаду мароми “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар назди иштирокдорони ҷаласа суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки коррупсия – ҳамчун як падидаи нангини ҷомеа метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он пайдо намуда, барои ҷинояткорӣ заминаи асосиро гузорад. Бинобар ин, ҳар нафари ватандӯстро лозим аст, ки баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа муборизаи беамон барад ва ба пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми арзанда гузорад. Дар баробари ин, таъкид карда шуд, ки “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар мубориза ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта заминаи мустаҳкам гузошта, дар самти муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳлили омори вазъи коррупсионӣ тамоми масъалаҳоро пешбинӣ намудааст. Дар стратегияи мазкур вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлативу худидоракунӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар пайи иҷрои нақша-чорабиниҳо дар самти мубориза бо коррупсия ҳамкориро бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.

Дар идомаи мулоқот изҳор карда шуд, ки барои таъмини иҷрои босамари талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва пешгирӣ намудан аз кирдорҳои коррупсионӣ иштирокдорони ҷаласа бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои лозимиро мунтазам бояд ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани тафаккури зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандони тамоми тадбирҳо андешида шаванд.

Дар қисмати ҷамъбастии вохурӣ сардори нозироти андози шаҳри Хуҷанд Мирмуҳаммад Иброҳимзода ба намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ташкили чунин мулоқоти судманд изҳори миннатдорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд