(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ баргузор гардид.

Баъди тасдиқи муқаррароти иҷлосия вакилон нахуст масъалаи марбут ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намуданд.

Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд аз рӯйи масъалаи номбурда баромад карда, аз ҷумла афзуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба назару пешниҳодоти қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, давра ба давра паст бурдани сатҳи камбизоатӣ, ба кишвари истеҳсолкунанда ва саноатӣ табдил додани мамлакат, беҳбуд бахшидани вазъи некуаҳволии халқ, таъмини зиндагии шоиста ба шаҳрвандон саъю талоши фаровон варзида, дар ин самт минбаъд низ фаъолияти густурдаашро идома медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, маром ва хадафи ниҳойии Сарвари давлати миллӣ дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи кишвари саноатӣ-аграрӣ расонидани мамлакат буда, баҳри татбиқи барномаи муназзами давлатӣ дар самти мазкур аз тамоми имконот васеъ истифода мешавад. 11-уми июли соли 2017 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 - солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши Қонуни мазкур дар пешрафти ҷомеа андешаронӣ карда, ҳадафи баргузории мулоқотро натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” давоми даҳ соли қабули он маънидод карданд. Таъкид гардид, ки дар вақти таҳияи қонуни мазкур пеш аз ҳама манфиати халқ ба инобат гирифта шуд ва татбиқи он барои таъмини баробарии иҷтимоӣ равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2007 ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид ва он аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд. Ҳадафи дигар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои аз байнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод. Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки “Қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд.

Баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни зиёда аз 11 сол аз 53 фоиз то 29,5 фоиз, яъне 23,5 фоиз коҳиш дода шуд. Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд.

Нишондоди муҳиме, ки аз натиҷаи муваффақонаи қабули қонун дарак медиҳад, зиёд шудани масоҳати сохтмонии манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад, ки дар ҳудуди шаҳр маҳаллаҳои навбунёди 1, 2, 4, 5, 14, 15, 26 ва 30 таъсис дода шуда, алҳол зиёда аз 2740 оилаҳо манзили истиқоматии хешро дар ин маҳаллаҳо бунёд намудаанд.

Оид ба рафти иҷрои Қонуни мазкур дар шаҳри Хуҷанд дар давоми соли 2018 Хайрулло Ғайбуллозода иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки мувофиқи маълумоти оморӣ 1216 адад маърака ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора, 1165 адад тўи домодию арўсӣ,34 адад маъракаи чил ва 17 адад маросими сол гузаронида шудааст. Шумораи чорвои забҳшуда 14 сар буда, хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ тақрибан 8 миллиону 14 ҳазору 200 сомониро ташкил дода, ба ҳар як маърака тақрибан 6879 сомонӣ рост меояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1500 адад маърака кам ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 416 адад тўи домодию арўсӣ кам ба қайд гирифта шудааст. Шумораи чорвои забҳшуда 113 сар кам гардида, хароҷоти маъракаҳо низ ба маблағи 8.536.300 сомонӣ кам сарфа шудааст. Дар семоҳаи аввали соли 2019 мувофиқи маълумоти оморӣ 185 адад маърака ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 170 адад тўи домодию арўсӣ, 10 адад маъракаи чил, 5 адад маросими сол гузаронида шудааст. Шумораи чорвои забҳшуда 2 сар буда, хароҷоти маъракаҳои гузаронида шуда ба таври умуми тақрибан 990 ҳазору 200 сомонӣ ташкил дода, ба ҳар як маърака тақрибан 5824 сомонӣ рост меояд. Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар шаҳри Хуҷанд пеши роҳи риёкориву исрофкориҳои бемаврид гирифта шуда, аз тарафи дигар саҳми арзандаи мардум барои амалӣ гардидани қонуни мазкур мусоидат намуд.

Доир ба масъалаи мазкур вакилони Маҷлиси шаҳрӣ Наим Маликисломӣ ва Мадина Набизода мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.

Дар ҷараёни иҷлосия ҳамзамон масоили гуногун, аз ҷумла ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ, дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии “Сари баландӣ”, №20, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2019, дар бораи ба фурўш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ, дар бораи муайян намудан ва мақсади истифодабарии самаранок ва арзиши ибтидоии моҳона ба объекти ба иҷора супоридашаванда, дар бораи ҳисоббаробаркунии маблағи иҷора мавриди баррасӣ қарор гирифта, як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тасдиқ карда шуданд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд