(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки муовини аввал, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дасгтгоҳи Раиси шаҳр, комиссар ҳарбии шаҳр, мудирони шуъбаю роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр ҷаласаи васеъи шаҳрдорӣ баргузор намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нахуст таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба иҷрои дастуру супоришҳои ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳри Хуҷанд ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо бояд пеш аз ҳама дар самти афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва ба ин васила кам намудани молҳои содиротӣ азм намоем. Ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноташ гуногунро бо ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва соҳибкорону ашхоси саховатманд бунёд намоем.

Раиси шаҳр гуфт, ки барои ин иқдомҳо тамоми шароит ва имконот мавҷуд аст, танҳо завқу кӯшиш ва мусоидати фаъол аз ҷониби мо ҳамагонро ба ҳадаф мерасонад.

Сипас дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, тозагии маҳал, ободонӣ ва рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маъруф Муҳаммадзода вобаста ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иброз дошт, ки он кори дастҷамъона буда, барои он тамоми фаъолон ба василаи таъсиси гуруҳҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар назди кумитаи маҳаллаҳо ҷалб карда шавад.

Дар ҷараёни кори ҷаласаи шаҳрдорӣ ҳамзамон ба масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, муҳоҷират, касбомӯзӣ, рушди ҳунармандӣ, ободонӣ, тадбирҳои 30 солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, иншооти бунёдшаванди ҷашнӣ ва ғайраҳо изҳори назар карда шуда, масъулини дахлдор ҷиҳати иҷрои корҳои банақшагирифташуда муваззаф гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд