(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаҳои 5-6-уми апрели соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе олимпиадаи номӣ ва даставии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар он дастаи хонандагони шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, дар олимпиадаи номӣ сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ ва дар даставӣ сазовори 8 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ин нишондиҳандаи беҳтарин дар байни дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ буд.

Ҳамаи иштирокчиёни олимпиядаи ҷумҳуриявиро дар назди бинои Шуъбаи маорифи шаҳри Хучанд,намояндагони Раёсати маорифи вилояти Суғд, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, омӯзгорони мактаб, волидайнхо бо дастагулхо пешвоз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 8 ҷойро ба даст оварда буданд. Маҷмуъан зимни иштирок муҳассилини муассисаи таълимии шаҳр Хуҷанд дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 21 мақоми ифтихориро соҳиб гардиданд.

Муваффақияти навбатӣ муборак аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд