(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода маҷмааи фарҳангӣ иборат аз мактаби бачагонаи мусиқӣ, китобхонаи шаҳрӣ, Академияи таъомҳо ва кинотеатр дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мактаби мусиқии бачагона бо фарогирии 18 маҳфил, дорои синфхонаҳои танбӯр, овозхонӣ, рақс, санъати мусиқӣ, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, ҳунарҳои мардумӣ, утоқҳои корӣ ва ғайраҳо мебошад.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар мактаби навбунёди мусиқӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки ин ҳама ғамхориҳо бо раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадафи аслӣ машғул намудани наврасон ба корҳои эҷодӣ ва ташвиқ ба ҳунаромӯзӣ буда, ба ин васила тарбияи насли ояндасози кишвар барои ояндаи дурахшони Ватан мебошад.

Сипас, Маъруф Муҳаммадзода ба муҳассилини мактаби мусиқӣ якчанд номгӯйи асбобҳои мусиқии миллиро тақдим намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бори аввал дар замони Истиқлолият китобхонаи шаҳрӣ ифтитоҳ карда шуд, ки қаблан он вуҷуд надошт. Иттилоъ дода шуд, ки китобхона дорои беш аз 112 ҳазор китоб буда, минбаъд ба худ 7 филиали китобхонаҳои дар минтақаҳои гуногуни шаҳр бударо муттаҳид месозад. Дар китобхонаи шаҳрӣ шуъбаҳои феҳрист, хизматрасонӣ, толори васеъи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 40 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ» гирд оварда шудаанд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси китобхонаи шаҳрӣ боз ҳам боло бурдани маданият ва фарҳанги мардум мебошад. Аз ҷониби шаҳрдор якчанд китобҳои тозанашри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа карда шуд.

Зимни ифтитоҳи Академияи таъомҳои миллӣ иттилоъ дода шуд, ки минбаъд дар ин ҷой баҳри муаррифии таъомҳои миллӣ, бахусус таъомҳое, ки имрӯз аз ёдҳо фаромӯш шудаанд, силсилаи чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирокашон дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" таъкид дошт, ки баҳри муаррифӣ ва тарғиби таъомҳои миллӣ дар ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои гуногун пиёда карда мешаванд.

Ҳамчунин бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ин маҷмааи фарҳангӣ толори кинотеатр низ ифтитоҳ карда шуд, ки иборат аз 60 ҷой мебошад. Шаҳрдор дастур дод, ки дар кинотеатр филмҳои тарбиявӣ, таърихӣ ва худшиносиву худогоҳиро бештар ба намоиш гузоранд, то ин ки аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ҷилавгирӣ карда шавад.

Маҷмуан метавон гуфт, ки ифтитоҳи мактаби бачагонаи мусиқӣ ва аввалин китобхонаи шаҳрӣ, нахустин Академияи таъомҳои миллӣ ва эҳёи кинотеатр дар шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзишманде ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сокинони маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ ифтитоҳи чунин иншооти фарҳангӣ-илмӣ ва маърифатиро ғамхории навбатии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзии насли ояндасозу пешбарандаи давлату миллат баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд