(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд филиали Бонки байналмилалии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки намояндагии Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар маркази вилоят аз соли 2014 инҷониб фаъолият дошт ва бо бештар шудани теъдоди муштариёни бонк тасмим гирифта шуд, ки шумораи филиалҳо зиёд карда шавад.

Раиси вилоят ифтитоҳи филиали Бонки байналмилалии Тоҷикистонро туҳфаи хуби наврӯзӣ барои мизоҷони бонк арзёбӣ намуда, бо шароити кории фароҳамшуда шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар филиали бонк 33 нафар мутахассисони ҷавон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Ҷалби бонувон ба кори бонкӣ дар мадди назари муассисон қарор гирифта, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 дарсади кормандони филиал аз ҳисоби занон интихоб шудаанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон имрӯзҳо бо як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкории самаранок дошта, дар ояндаи наздик дар шаҳри Панҷакент низ филиали худро боз менамояд. Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулини бонк иброз дошт, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст ва Бонки байналмилалии Тоҷикистон бояд ба соҳибкороне, ки ба ҳунармандӣ машғул ҳастанд, қарзҳои имтиёзнокро пешниҳод намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд