(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altИмрӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тарабхонаи “Шоҳона” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои тарабхонаи “Шоҳона” замоне чун маркази савдо истифода мешуд ва муддате аз истифода берун монда буд. Бо эҳтимоми соҳибкори ватанӣ Абдуғафур Каримов бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ бино азнавсозӣ гардида, ба тарабхонаи замонавӣ мубаддал карда шуд. Тарабхона дорои толори васеъ, кабинаҳои хурду калон бо тарҳи миллӣ оро дода шудааст. Дар тарабхона алҳол 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бо ҳузури муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба 10 нафар кӯдакони ятим туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин ба эшон дастархони идона ороста гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд