(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд дар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.

Хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимӣ бо суруду тарона ва шеърҳои наврӯзӣ таъкид доштанд, ки Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд. Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Наврўзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст.

Вокеан ҳам ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерўву илҳоми тоза ато мекунад. Наврўз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

Саҳначаҳои ҷолиб доир ба тарбияи фарзанд ва фарҳанги оиладорӣ намоиш дода шуд. Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Муқим Камолов табрикоти роҳбарияти шуъбаи маорифро ба табъи ҳозирин расонд.

Директори муассисаи таълимии мазкур Манзура Ёрматова муҳассилин ва омӯзгорони дабистонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки «Боиси хурсандӣ аст, ки бо кӯшишу эҳтимоми сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи чанд сол аст, ки Наврӯзи оламафрӯз тибқи қарори Созмони милали Муттаҳид дар сатҳи байналхалқӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин мояи ифтихор аст барои ҳар фарди худогоҳу хештаншиноси тоҷик аст. Наврӯзи имсоларо мо дар рӯзҳое ҷашн мегирем, ки кулли сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри бостонии Хуҷанд ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати суботкорона доранд. Дар остонаи Наврӯзи имсола ба муассисаи мо низ пайки шодиву нишот омад, яъне якчанд кабинетҳои фаннӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ашхоси саховатпешаю соҳибкорони ватандӯст аз аввалинҳо шуда муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Гузашта аз ин бинои таълимӣ ва атрофи он ободу зебо градонида шуданд. Мутмаъин ҳастам, ки бо дастгирии Шумоён чунин корҳои созандагӣ дар яонда низ идома хоҳад ёфт. Бо истифода аз фурсат дар ин лаҳзаҳои пурнишот, тамоми хонандагони МТМУ №27 ва сокинони маҳаллаи Раззоқро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, ки яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.Бори дигар ба ҳамаи шумо бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, иқболи баланд ва тансиҳативу рӯзгори осуда орзу менамоям.

Сипас ба як қатор омӯзгорон ва хонандагони фаъол Ифтихорномаи муассисаи таълимӣ супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд