(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Хуҷанд дар қатори дигар муассисаҳои таълимии шаҳр Наврӯзи байналмилалро таҷлил намуданд.

Хонандагон бо оростани хони наврӯзӣ, сумалакпазӣ, иҷрои урфу анъанаҳои миллӣ бо шеъру сурудҳои наврӯзӣ табъӣ ҳозиринро болида намуданд.

Таъкид гардид, ки Наврўз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ ва аз нигоҳи илмӣ дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рўз, яъне эътидоли баҳорӣ аст, ки онро ҳанўз Умари Хайём ҳазор сол пеш аз ин дар тақвими солшумории хуршедии худ исбот карда буд. Наврўз оини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи беш аз чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст. Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангии мо - тоҷикон аз замонҳои қадим ҷашнҳои бузурги Наврўз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан таҷлил менамуданд. Бояд зикр кард, ки тибқи донишу таҷрибаи онҳо дар асрҳои бостонӣ фаслҳои солро ба давраҳои гармо ва сармо тасниф менамуданд. Ин ду фасли сол, яъне гармо - тобистон аз ҳафт моҳ ва сармо - зимистон аз панҷ моҳ иборат буданд. Дар ҳар яке аз ин фаслҳо ҷашне баргузор мегардид, масалан ҳангоми фарорасии фасли гармо хонаву кўчаҳоро тоза карда, гулҳоро аз гармхонаҳо ба чаманистонҳои сабзу хуррам мебароварданд, аз дидани чеҳраи дилорои офтоб хушҳол мешуданд, интизори расидани падидаҳои тозаи рўзгор, беҳбудии шароити вазъи ҳаво, рустани гулу гиёҳҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, яъне бедории табиат гардида, онро бо некрўӣ пешвоз мегирифтанд. Онҳо Наврўзро ҷашни офариниши инсонҳо медонистанд ва дар фарҳанги асилу азими ҷовидонаашон ин падидаи абадии башариро мўътабар мешумориданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд