(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба 36 нафар собиқадорони арсаи меҳнати шаҳр кӯмакпулиҳои яквақтаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳаҷми 500 сомонӣ тақдим карда шуд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд бо ироаи номаҳои табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ифтихори ҷашни наврӯзи байналмилал, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Мардуми шарафманди вилоят ифтихор аз он доранд, ки маҳз ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки ваҳдату ягонагии маънавии мардумро таҳким мебахшанд, ба Феҳристи мероси Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд. Пазироии ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангофару бунёдкори мо ҳамеша дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дошт. Ин нукта дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат чунин зикр гардидааст: “Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.”

Наврӯзи хуҷастапай муждаи аввалини баҳори хуррам аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани арзишҳои олии маънавӣ саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем».

Собиқадорони арсаи меҳнати шаҳри Хуҷанд аз ин таваҷҷуҳ ва эҳтимоми Раиси вилояти суғд Раҷаббой Аҳмадзода болида гардида, миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки маҷмуъан ба 36 нафар собиқадорони арсаи меҳнати шаҳр кӯмакпулиҳои яквақтаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳаҷми 18000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд