(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мумфаршкунии асосии роҳи кӯчаҳои Фирдавсӣ, Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим ва академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо расман ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки ин амали хайри мумфаршкунии роҳ дар заминаи дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар амалӣ карда мешавад.

Маъракаи мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд аз роҳи кӯчаҳои Фирдавсӣ, Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим, академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо аз имрӯз оғоз гардида, давоми сол ҳамзамон кӯчаи Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзана ва дигар кӯчаҳои асосии таъмирталаби шаҳр мумфарш карда мешаванд.

Итилоъ дода шуд, ки мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои кӯчаҳои Фирдавсӣ, Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим, академикон Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, ки солҳои зиёд танҳо таъмири ҷорӣ карда мешуданду халос, ин роҳҳо пурра бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра мумфарш карда мешаванд.

Пудратчии мумфаршкунии роҳҳо ширкати ватании “Тоҷроуд”мебошад, ки таҷрибаи 5 солаи роҳсозӣ дорад ва бо 8 техникаҳои ҳозиразамон давоми 2 рӯз корҳоро ба сомон хоҳад расонд.

Бо дуои пирони кор ба мумфаршкунии роҳ оғоз карда шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 таъмиру азнавсозии зиёда аз 33 километр роҳҳои шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки шаҳри Хуҷанди бостонӣ низ дар баробари пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз хурраму зебо ва обод шуда истодааст. Ин ҳар як сокини шаҳри бостонӣ, устодону донишҷӯёни макотиби олии Хуҷанд, хонандагони муассисаҳои таълимиро водор месозад, ки бо ташкили гуруҳҳои ризокорӣ ҳар ҳафтаи шанбею якшанбе ба ободии маҳалли зисту корашон камари ҳиммат баста, ҷашни наврӯзи байналмилалро сазовор истиқбол намоянд.

Бошандагони пуршарафи маҳаллаҳои шаҳрро лозим аст, ки хонаву дар ва кӯчаю маҳаллаҳои хешро бо тарҳи милливу муосир обод намоянд, то ин ки сайёҳони хориҷӣ аз қадимию фарҳангӣ будани миллати кӯҳанбунёди мо бештар маълумот баранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд