(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt15 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намудан ва 2 хонандагони синфи 11 гимназияи «Ганҷ» Фариза Рафиқзода аз забони русӣ, Шероз Давронзода аз МТУ№28 аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи якум гаштанд. 

Хонандаи гимназияи «Гёте» Дилшод Ортиқов аз фанни забон ва адабиёти рус, литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Абдушарифи Абдурафиқ аз фанни технологияи иттилоотӣ, мактаби хусусии «Рустамов» Манучеҳр Икромов аз фанни физика сазовори ҷойи дуюм гаштанд.

Хонандаи мактаби хусусии «Файз» Анастасия Муҳаммедова аз фанни забон ва адабиёти рус, муҳассили литсейи №1-и Азиза Бобоҷонова аз фанни забони англисӣ, талабаи гимназияи №24 аз фанни география Саидшоҳ Олимшоҳ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд