(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар чойхонаи Қӯшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва файзу фаровонӣ аз Наврӯзи байналмилал ҷашн гирифта шуд. Растаи ҳунармандон бо оростани хаймаҳо ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маҳфил ширкат варзида аҳли маҳаллаи Ҷаббор Расуловро бо ҷашни Наврӯзи Аҷам таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки «Наврўз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ ва аз нигоҳи илмӣ дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рўз, яъне эътидоли баҳорӣ аст, ки онро ҳанўз Умари Хайём ҳазор сол пеш аз ин дар тақвими солшумории хуршедии худ исбот карда буд. Наврўз оини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи беш аз чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст».

Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки ҷавҳар ва ҳикмати Наврӯз илова бар арзишҳои зикршуда ҳамчунин ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллӣ, аз қабили эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастии мардуми мо мебошад.

Ва мо аз ҷумлаи миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мӯҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.

Ба ин маънӣ, дар миёни ҳамаи ҷашнҳои шодиву сурури халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон, ки аз замонҳои дур то ба имрӯз эътибор ва манзалати иҷтимоии худро нигоҳ доштаанд, Наврӯз шояд муҳимтарин ҷашнест, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди дар давоми асрҳо дар сари роҳи он эҷодшуда тамоми зебоиву хубиҳои он ба шарофати гузаштагони фарҳангдӯстамон то замони мо ҳифз шудаанд.

Сипас барномаи фарҳангии фарогирии урфу анъанаҳои миллии наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд