(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз миёни маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд нахустин шудадар маҳаллаи Тути калон бо пухтани сумалак аз Наврӯзи байналмилал ҷашн гирифта шуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Султон Раҳмонзода номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ифтихори Наврӯзи байналмилал ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: «Ниёгони мо расму оинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин, оростани дастурхони наврӯзӣ, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои Фалаку Шашмақом, ҷуфтронии деҳқонон, гуштинггириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ доштаанд, ки то замони мо омада расидааст. Мо ворисони тамаддуни ориёӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин суннати писандидаро аз нав эҳё намуда, Наврӯзро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем, ки ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт. Бояд зикр кард, ки яке аз суннатҳои маъруфи наврӯзӣ ба ёд овардани нақшаву корҳои аз Наврӯзи пешин то Наврӯзи навин ба анҷомрасида ва тарҳрезии ҳадафҳои нав мебошад».

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд