(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бо оростани дастархони наврӯзӣ, пухтани сумалак ва гузаронидани озмунҳо аз Наврӯзи байналмилал ҷашн гирифта шуд. 

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар чорабинии мазкур иштирок намуда, номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҷомеаи меҳнатии беморхонаи касалиҳои сироятӣ расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист.

Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад. Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад. Он баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ ва наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори афроди ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳати инсон, парвариши рӯҳи солим аз меъёрҳои ҳастии инсонист. Ҳатмӣ медонанд, ки дар вуруди ин хуҷастаҷашн инсонҳо қалбҳои худро аз ҳама гуна душманӣ, кудурат, бухлу ҳасад ва пиндору андешаҳои номатлуб пок намоянд ва қалбҳоро маъвои меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагӣ созанд. Амре, ки барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз чун обу ҳаво ҳаётист. Дар ин рӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд. Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад».

Сипас ба як қатор пешсафони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ ва озмуни наврӯзӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд