(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба аҳли маориф чорабинии идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилал баргузор гардид.

Маъруф Муҳаммадзода маорифчиёни шаҳрро бо бедоршавии табиат таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Ниёгони соҳибмаърифати мо дар ин рӯзи нав нахуст оташ меафрӯхтанд, зеро он нишонаи ҳаёт ва рамзи офтоби оламафрӯз аст. Бо фурӯзон кардани оташ дилу нияти худро равшанӣ мебахшиданд ва рӯзгорашонро бо ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо, озодагиву зебоипарастӣ ва инсондӯстиву созандагӣ ороста медоштанд. Ба таъбири дигар онҳо Наврӯзро ҳамчун муждаи аввалин баҳори хуҷастапай, эҳёи табиат, бедоршавии замин ва оғози киштукор истиқбол мегирифтанд ва гиромӣ медоштанд. Ин амал пеш аз ҳама шӯълаи меҳру муҳаббатро дар дил мепарварад ва ғубори кинаву кудуратро аз байн мебарад.

Махсусан ёди гузаштагон, эҳтироми бузургсолон, авфи гуноҳ, тозаву озода кардани хона ва ашёи рӯзгор, обод кардани маҳалли зист, пошидани тухми умед ба замин, шинондани ниҳол, ба тартиб овардани роҳу пулҳо, зиёрати пирони барнодил, ранҷурону беморон, хайру сахо ба шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон, аз ҷумлаи анъаноти нек ва суннатҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам маҳсуб меёбад». Раиси шаҳр таъкид дошт, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПРезидентим амлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилал гирифт ва имрӯз нафақат дар Тоҷикистон, балки дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар ин рӯзҳои бедоршавии табиат қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвар ва худогоҳу ҳимматбаландро водор месозад, ки ақаллан як ниҳол шинонад, табиатро сарсабзу зеботар намояд, кӯчаю хиёбон, ҷои кор ва гузару маҳалли зисти худро ба тартиб орад, хулоса дар ҷабҳаи ободонии Ватан ва диёри азизамон саҳмгузор бошад. Наврӯз ҷашни озодагӣ ва озодагон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо фаро расидани баҳор ба кишту кори баҳорӣ шинонидани ниҳолҳои гуногун, тоза кардани ҷӯйбору корезҳо ва ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва ҳар ваҷаб хоки диёри зебоманзарамон шурӯъ менамоянд.

Сипас, ба ду нафар дӯстрӯяконе, ки аз оилаҳои камбизоат буданд, туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Барномаи рангини фарогири таранннуми ҷашни Наврӯз табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд