(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Аз ин иқдоми оқилонаи Пешвои муаззами миллат хонандагони муассисаи таҳсилоти ҳамагонаи №27-и шаҳри Хучанд бисёр рӯҳбаланд шуданд. Зеро муассисаи мазкур дар маҳаллаи аз ҳама қадимтарини шаҳр-маҳаллаи «Раззоқ» воқеъ гардида, аҷдодони хонандагони мо бо ҳар намуди ҳунарҳои миллӣ машғул буданд. Аз ин лиҳоз муҳассилин низ ба ҳунарҳои миллии аҷдодӣ шавқу майли зиёд доранд.

Эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ боиси ифтихор ва рӯҳбаландии онҳо гардид. Ҷоиз ба зикр аст, ки бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар МТМУ №27 пайваста чорабиниҳо ташкил карда мешаванд. Чанде қабл чорабинии таҳти унвони «Ҳунар беҳ аз гавҳар» баргузор гардид. Толори муассисаи бо сӯзаниҳо, атласу адрасҳо, корҳои дастии хонандагон оро дода шуданд.

Дар як тарафи толор писарон бо ҳунарҳои заргарӣ, кулолгарӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ ва ғайра машғул буданд. Дар тарафи дигари толор духтарон бо сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, ороиши куртаҳои миллӣ, ҷиҳакбофӣ машғул буданд. Бо воситаи проектор наворҳо оид ба ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуданд. Чорабинӣ бо саҳначае, ки ба сайёҳӣ бахшида шуда буд, оғоз гардид.

Як сайёҳе ба Хуҷанд меояд то аз ҳунарҳои ки дастовардҳои он ва аз илму маданияту пешрафти он аз наздик шинос гардад. Сайёҳ то охири чорабинӣ дар байни тамошобинони толор нишаста, дар охир таасуроти неке, ки аз ин мамлакат мегиранд ба бо эҳсоси баланд ва ваҷоҳат баён месозанд.

Дар чорабинӣ хонандагони муассиса шеъру гуфторҳо доир ба ҳунару ҳунармандӣ ироа намуданд. Сурудҳои ҷолиб замзама ва рақсҳои мавзун намоиш дода шуданд. Саҳнаи тарбиявӣ оид ба куртаи миллии тоҷикӣ намоиш дода шуд. Писару духатроне, ки бо ҳунарҳои худ машғул буданд бо навбат оид ба ҳунарашон байтҳо қироат карданд. Диққати тамошобинонро махсусан толибилмони хурдакак ба худ ҷалб намуданд. Дар навои доирае, ки хонандаи синфи 2 Неъмат Қаюмов менавохт, хонандаи синфи 5 “а” Нурона Набизода бо либоси миллии “Чакан” рақси дилошӯберо иҷро кард.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чорабинӣ бо ташаббуси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик И. Раҳмонова ва омӯзгори фанни география Ҳ. Раҳимова гузаронида шуд.

Маҳфилро директори МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд Манзура Ёрматова натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ марказҳои касб ва ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуда, дар онҳо ҳазорҳо нафар ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон ба азхудкунии касбу ҳунар машғул гардида, имрӯз дар истеҳсолот фаъолият доранд. Инсони бомаърифату ҳунарманд дар ҷомеа мақому манзалати шоиста дошта, соҳибэҳтиром аст. Аз ин рӯ, ташаккули оила ва ҷомеа ба бонувони ҳунарманду соҳибмаърифат иртибот дорад. Муҳим он аст, ки маҳсули ҳунарҳои волои дастии ҳунармандони мо метавонад бо беҳтарин падидаҳо дар ин соҳа дар сатҳи байналмилалӣ рақобат кунад. Зеро борҳо шоҳид будаем, ки мардуми кишварҳои дигари олам мафтуни маҳсули ҳунари дастони модарони тоҷик гардидаанд ва ба онҳо арҷи баланд гузоштаанд. , 

Ирода Раҳмонова
омӯзгори фанни забон ва
адабиёти тоҷики МТМУ №27