(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи нишондоди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар доираи нақша-чорабиниҳои Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор рӯзноманигорони собқадори шаҳри Хуҷанд мавриди айёдат қарор гирифтанд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зимни мулоқоти самимӣ бо рӯзноманигорони собиқадору соҳибмактаб: Мирзоҷон Мирзораҳматов, Зебиҷон Абдуллоева, Муҳаммадзокир Қодиров, Муҳаррам Юсуфова, Саиднабӣ Наҷимӣ, Муҳаммадназир Аҳмадов ва дигарон номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик расонда, таъкид доштанд, ки хидмату корнамоиҳо ва садоқати аҳли қалами собиқадор ҳамешагӣ дар зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои насли нави рӯзноманигорӣ мояи ифтихор ва пайравист.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, ба роҳбарияти олии мамлакат, вилоят ва шаҳр миннатдории хешро баён доштанд. Таъкид доштанд, ки тамоми таҷриба ва донишҳои омӯхтаи хешро дар оянда низ баҳри ободӣ ва шукуфоии сарзамини аҷдодии хеш сарф хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми шоистаи Роҳбарияти вилояти Суғд ва созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ду сол инҷониб рӯзноманигорони бознишаста мавриди айёдат қарор дода мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд